0

Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Чамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Точикистон

bunyodi madad
Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба озмуни «Бурсҳо барои сафар» қабули ҳучатҳоро дар соли 2011 идома медиҳад: Дастгирии молиявӣ дар шакли грант ба шаҳрвандони Тоxикистон дар ҳолати мавxудияти даъватномаи расмӣ ба чорабиниҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳое, ки дар дохили кишвар баргузор мегарданд (таҳсили кeтоҳмуддат (на зиёда аз 12 моҳ) муаррифӣ дар конфронсҳо, симпозиумҳо, барои фаъолият дар китобхонаҳо ва архивҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва ғайра) дар асоси озмун пешниҳод карда мешавад.
Маблағгузории иштироки довталабон дар чорабиниҳо аз рӯи илмҳои гуманитарӣ (ба ғайр аз курсҳои забономӯзӣ) инчунин илмҳои дақиқ, ки баҳри рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар нигаронида шудаанд, сурат мегирад.
Дархостномаҳое, ки барои иштирок намудан дар чорабиниҳои байналмилалие, ки дар кишварҳои хориҷӣ баргузор гардида, барои иштирок дар онҳо гирифтани раводид зарур аст, 2 моҳ қабл аз оғози чорабинӣ қабул карда мешаванд.
Дархостномаҳое, ки барои иштирок намудан дар чорабиниҳои кишварҳои бидуни раводид баргузор мегарданд, инчунин чорабиниҳое, ки дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд, қабл аз 1 моҳи оғози чорабинӣ қабул карда мешаванд.
Дар муддати як сол грант барои сафар танҳо як маротиба дода мешавад.
Дархостномаҳо барои озмун доимо, дар давоми сол қабул мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва нусхаи дархостномаҳо ба суроuаҳои зерин муроxиат намоед:
ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази «Vefa», ошёнаи 4-ум, ҳуҷраи 404, тел: 441-07-50, 441-07-46,
е-mail: ikalashnikova@osi.tajik.net – Калашникова Ирина,registrator@osi.tajik.net – Каримова Нилуфар;
ш.Хуҷанд, 16 микрорайон (назди ОблГаи), моб.: 907870039; е-mail:eghamov@gmail.com –Эгамов Аюбҷон;
ш. Кӯрғонтеппа, хиёбони Ваҳдат 29А (Бинои Матлубот); Тел: (+992 3222)294-27,
моб.: 919 612 096; е-mail: ash.farida@gmail.com – Ашӯрова Фарида;
Дархостномаҳо тавассути почтаи электронӣ низ rабул карда мешаванд. Дархостномаҳое, ки талаботи Бунёд-ро ба инобат нагирифтаанд ва ё номукаммаланд, ё мӯҳлати пешниҳоди дархостномаҳо, ки ба талаботи озмун ҷавобгӯ нестанд дида баромада намешаванд. Rарори Раёсат аз нав дида баромада намешавад. Номзадон аз натиxаи озмун ба воситаи почта хабардор карда мешаванд. Сабабҳои рад гардидани дархостномаҳо шарҳ дода намешаванд. Маводи ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешавад. Барои намояндагони ташкилотҳои uайридавлатӣ супоридани нусхаи шаҳодатномаи баrайдгирии давлатии ташкилот ҳатмист.
Тамоми дархостномаҳои Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон БЕПУЛ паҳн карда мешаванд.

Написать ответ

Вы можете использовать эти HTML теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>