0

Асомиддин Атоев: Одобнома ба Интернет зарур аст!

310280_484376094964092_1224902841_n

Як гӯруҳи корӣ иборат аз 7 нафар Кумитаи тадорукот оид ба худтанзимкунии муҳтавои бахши тоҷикистонии Интернет барои таҳияи тарҳи «Одобномаи шаҳрванди ҷомеаи иттилоотӣ» дар Тоҷикистон таъсис дод.

Аъзои ин гурӯҳро намояндаҳои Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет, Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандони сиёсати интернетӣ” (ТШСИ), Хадамоти алоқа, НАНСМИТ, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти кишвар, Созмони ҷамъиятии ИНДЕМ ва намоянда аз Ассотсиатсияи алоқаи мобилӣ ташкил медиҳанд.

Ташаббускорони ин Кумита гуфтаанд, ки фарҳанги иттилоотии мардуми тоҷик хело заиф аст, бинобар ин ҷорӣ намудани ин Одобнома ногузир аст.

Мухбири мо бо Асомиддин Атоев, директори Ассотсиатсияи интернет-провайдерҳои Тоҷикистон роҷеъ ба зарурат ва механизмҳои танзими Одобномаи мазкур сӯҳбате анҷом дод.

Зарурати қабули Одобномаи Интернетӣ дар чӣ аст?

- Саҳм гузоштан дар рушди фарҳанги иттилоотии ҷомеа.

Оё фикр мекунед, ки бо ин роҳ бадгӯйиҳои Интернетро ислоҳ мекунед?

- Албатта, не. Чунки интернет, ки ҷамъи технологияҳост, ба мисли оина воқеияти моро инъикос менамояд. Азбаски чунин сигнал аллакай фиристодааст, яъне ба ҳукми анъана даромадани ҳақоратро дар ҷомеа ба мо нишон медиҳад, бояд чораҳо андешид барои ҳалли мушкилии ҷо дошта. Яке аз чораҳое, ки ҷонибҳои гуногун ба худ ҳамчун стандарт интихоб намуда метавонанд ин Одобнома аст. Одобномаҳо дар татбиқи технологияҳои инновавтсионии коммуникатсионӣ (ТИК) зиёданд. Масалан, нетикэт ин одоби рафтору гуфтор дар шабакаи Интернет, мобикэт намунаи он дар шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва ғайра.  Ва таҷриба нишон медиҳад, ки ҳангоми пешакӣ эълон намудани қоидаи бозӣ, вайрон кардани бандҳои он дар раванди бозӣ камтар роҳ дода мешавад нисбати он, ки бе эълони чунин қоидаҳо. Бештари чораҳое, ки имрӯз дар ҷомеаи мо андешида мешаванд, на ба ҳалли худи мушкилӣ, балки ба оқибатҳои мушкилӣ равона гардидаанд. Масалан, банд кардани истифодаи телефони мобилӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ ҳамчун чора бар зидди риоя нашудани одоби истифодаи телефони мобилӣ; бастани сайтҳо ҳамчун чора бар зидди таҳқир ва ғайра.

Оё ин таҷриба дар кишваре аст ва чӣ натиҷа додааст? Чун иддае ба ин назаранд, ки Интернет ҷойи баёни афкори фитрӣ аст на касбӣ.

- Пеш аз ҷавоб ба саволатон мехостам оид ба назари иддае чизе гӯям. Интернет на танҳо ҷойи баён аст, балки ҷойи эҷоду фаъолият низ ҳаст. Иддае, ки чунин назар доранд, танҳо дар доираи фаъолияти худ хулосабарорӣ менамоянд. Гузашта аз ин ҳангоми баён ҳам бояд доираи ахлоқие вуҷуд дошта бошад.

 

Агар одобнома вайрон шавад, Шумо нисбати вайронкунанда чӣ чора мебинед?

- Таҷрибаи дигар кишварҳо албатта, дар ин ҷода вуҷуд доранд, ё бобарор ва ё начандон бобарор. Чи таҷрибаи худтанзимкунӣ (Британия, Туркия), чи таҷрибаи танзим тавассути қонун (Қазоқистон). Агар вуҷуд ҳам намедошт, маънии онро надорад, ки Тоҷикистон наметавонист аввалин бошад дар чунин ташаббус.  Сухан сари худтанзимкунии муҳтавои Интернету шабакаҳои мобилӣ меравад. Агар шумо шомили гурӯҳе дар форуме бошеду қоидаҳои пешакӣ навиштаи онро вайрон кунед, чӣ чора дида мешавад? Яке аз чораҳо шуморо аз сӯҳбати фаъоли ҳамон форум маҳрум кардан мебошад. Ба мисли ҳамин чораҳо.  Лек ҳоло ин оғози кор аст ва ҷонибҳо дар якҷоягӣ қоидаро таҳия намуда, барои баррасии умум пешниҳод хоҳанд кард.

Агар шумо ба сайти Ютуб рафта вожаи «човандоз»-ро занед. Натиҷаи як видеоклип аз тӯйе ба 121863 баробар аст. Ва ҷустуҷӯи вожаи «ахлоқ» баландтарин натиҷааш 1739, «дониш» ва «фарҳанг» бошанд маротибаҳо камтаранд.

 

Оё имкони танзими интернет аст?

- Сухан сари худтанзимкунии муҳтаво (контент) дар шабакаи Интернет ва бахши тоҷикистонии (ватанӣ)-и Интернет меравад. Яъне чизе, ки таҳти домени .tj ҷой гирифтаасту мегирад. Интернет худ ҷамъи технологияҳост ва муттамарказ НЕСТ ва танзими кардани муҳтаво ғайриимкон аст, агар худтанзимкунӣ набошад. Мақсади мо таҳкими худтанзимкунист, ки дар он ҷомеаи шаҳрвандӣ низ фаъолона иштирок намуда метавонад. Сохтори давлатӣ ба иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ниёз дорад ва омодагии худро бештар аз пештар изҳор карда истодааст.

 

Қадами аввалро дар чӣ гузоштед?

 

- Қадами аввал муроҷиат ба ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати чунин ташаббус буд, ки дирӯз гузошта шуду ба анҷом нарасидааст ҳоло. Мехоҳем Муроҷиатномае, ки лоиҳааш дар машварати дирӯза пешниҳод гардида буд, қабул шаваду тавассути расонаҳои гуногун дастрасӣ ҷонибҳо гардад. Лек ҳоло ин оғози кор аст ва ҷонибҳо дар якҷоягӣ қоидаро таҳия намуда, барои баррасии умум пешниҳод хоҳанд кард. Сипас рӯйхати гурӯҳи коршиносоне, ки машварати дирӯза тасдиқ намуд, бо мактубе ба Шӯро оид ба ТИК-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.  Умедворем, ки фаъолияти гурӯҳи коршиносон зери котиботи шӯро ба роҳ монда мешавад.

 

Зайнаби Муҳаммаддухт

nahzat.tj

Написать ответ

Вы можете использовать эти HTML теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>