0

Мизи гирд дар мавзӯи «Масоили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди пешгирии тундгароии исломӣ ва экстремизм» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар таърихи 5-уми майи соли 2015 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи «Масоили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди пешгирии тундгароии исломӣ ва экстремизм» баргузор гардид. Ҳадафи баргузории ин ҳамоиш дарёфти чораҳои пешгирӣ аз ҳар гуна тамоюли тундгароии динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон тақвияти фаъолияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти боло бурдани мафкураи динию дунявии аҳолии кишвар ба шумор рафта, дар он кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, муассисаҳои илмию таҳлилӣ, коршиносон ва мутахассисони соҳа, инчунин, намояндагони васоити ахбори омма фаъолона ширкат ва суханронӣ намуданд.

Директори Академияи маҷозии «ТИК барои рушд» Асомиддин Атоев зикр намуд, дар ҳоле, ки созмонҳои гуногуни экстремистӣ ва терростӣ дар як шабонарӯз 24 соат фаъолият намуда, ҳадафҳои худро миёни истифодабарандагони сомона ва шабакаҳои гуногуни интернетӣ таблиғу ташвиқ менамоянд, дар як шабонарӯз 8 соат мубориза бурдани ҳукуматҳои кишварҳои олам ба муқобили ин гурӯҳҳо аз дидгоҳи мантиқӣ хеле ночиз ва камсамар мебошад. Зиёда аз ин, гурӯҳҳои мазкур айни замон аз технологияҳое истифода менамоянд, ки баъзе давлатҳо ҳанӯз дар фикри ба даст овардани онанд. Ӯ махсусан аз фаъол будани пайравони ДИИШ дар сомонаҳои иҷтимоӣ, аз он ҷумла дар Фейсбук, Твиттер, Одноклассники сухан ронда, таъкид дошт, ки онҳо бо ин василаҳои виртуалӣ бештар майли ҷалби занон ва ҷавондухтаронро доранд, зеро ба гуфтаи вай, сабабҳои ҷалб намудани занон ба ин ҷангҳо, пеш аз ҳама, аз онҳо ба вуҷуд овардани насл ва минбаъд омода намудани онҳо ба сифати «неруи мубориз»-и гурӯҳ мебошад. Ин вазъият аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳузури ДИИШ дар минтақа хеле бардавом боқӣ хоҳад монд.

Написать ответ

Вы можете использовать эти HTML теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>