0

Силсилаи чорабиниҳо доир ба омода намудани тренерони маҳаллии соҳаи ТИК

it

Маркази бозомӯзии Созмони Милал барои кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар якҷоягӣ бо Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон барои омода кардани тренерони ватанӣ оид ба модулҳои «Академияи асосҳои ТИК барои роҳбарони ҳокимияти давлатӣ» ва «Силсилаи дастурҳо дар бораи ТИКР барои ҷавонон» тренинги ҷумҳуриявӣ мегузаронад. Тренинги мазкур 20-23-юми августи соли 2013 дар истироҳатгоҳи “Роял Явроз” воқеъ дар дараи Ромит дар се бахш баргузор мегардад:  Силсиладастури аввал «Муқаддима ба ТИК барои Рушд”;  Модули 9 Академия “ТИК барои идоракунии коҳиши хатарҳои офати табиӣ” ва Модули 10 Академия “ТИК, тағйири иқлим ва рушди сабз”;  Модули 11 Академия “Медиа иҷтимоӣ барои рушд”. Ба хайси тренерон муаллифони маводҳои дарсии мазкур аз Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ ва Филиппин ба Тоҷикистон даъват гардидаанд, ки ба онҳо тренерхои маҳаллӣ кумак хоҳанд кард. Илова бар ин, аз 24-ум то 28-уми августи соли 2013 дарсҳои кушода оид ба ТИКР дар донишгоҳҳои шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Душанбе ба нақша гирифта шудаанд. Силсилаи чорабиниҳо доир ба омода намудани тренерон оид ба ТИКР дар Тоҷикистон қадами ҷиддиест дар таҳкими дониши ҳам кормандони масъули давлатӣ ва ҳам устодони донишгоҳ ҷиҳати татбиқи ТИК баҳри расидан ба ҳадафҳои рушд. Дар кори ин чорабиниҳо иштироки зиёда аз 150 хизматчиёни давлатӣ, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳо, коршиносони соҳаи ТИК ва журналистон дар назар аст. Барои маълумот: Ҳадафи асосии маводхои Академия ва Силсиладастурҳо рушди тавонмандии инсон баҳри татбиқи ҳушмандонаи бартариҳои ТИК дар расидан ба ҳадафҳои миллӣ мебошад. Агар Силсиладастурҳо ҳамчун воситае ба устодон баҳри пайванд кардани холигоҳе, ки дар омӯзиши ТИКР дар донишгоҳҳо ба назар мерасад хизмат кунанд, маводҳои дарсии Академия баҳри ҷиҳозонидани сиёсатгузорон ва кормандони масъули давлатӣ бо донишу малакаи ТИКР таҳия гардидааст.Маркази бозомӯзии Созмони Милал барои кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушд (UN-APCICT/ESCAP) барои бунёди тавонмандии инсониву ниҳодии 62 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон дар рушди иҷтимоиву иқтисодии онҳо ва расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола (ҲРҲ) дар онҳо таъсис ёфтааст. Бо ташаббус ва дастгирии молиявии ИҶКБМ маҳаллисозӣ ва тарҷумаи 8 модули аввали «Академияи асосҳои ТИК барои роҳбарони ҳокимияти давлатӣ» ва «Дастур дар бораи ТИКР барои ҷавонон» ба забони тоҷики соли 2011-12 ба анҷом расид.

Маводи итовагиро доир ба сохтори мазкур метавонед тавассути линки зерин дастрас намоед: http://www.unapcict.org/

Написать ответ

Вы можете использовать эти HTML теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>